ЗАНГИ ОХИРИН

Як нафас боз сабр бинмоед,
Чеҳраҳотон ба ёди худ гирам,
Дӯстон, дӯстони ҳамдарсам,
Пас равам ҷустуҷӯи тақдирам.

Ёдҳо, чеҳраҳою хислатҳо,
Ҳазлу шӯхӣ, латифагӯиҳо –
Олами чун фасона ширине
Чун насиме гузашту рафт аз мо.

Дона будем дар қади хӯша,
Вақташ омад, ҷудо шудем аз ҳам.
То ки з-он дона хирмане рӯяд,
Роҳ ҷӯем бар дили одам.

Боз дар пеш рӯзҳои нав,
Насяву нақд, гиряву ханда.
Ҳар кӣ бо пои хеш раҳрав шуд.
Гоҳ ҷамъем, гаҳ пароканда.

Фасли бебозгашти дилбозӣ,
Шавқи тасхири осмони баланд,
Фикри ояндаву сарафрозӣ
Кард моро ба зиндагӣ пайванд.

Роҳ яктост сӯи оянда,
Сӯи як раҳ ҳазор раҳ бояд.
Сӯи ин роҳ то ки раҳ ёбем,
Хотири мо даме наёсояд.

Пой то сар умеду мақсудем,
Ҳар ками мо ба ҷои бисёр аст.
Гар ҷавонист фасли обутоб,
Баъди он нангу нузҳату ор аст.

То нагӯем: «Ҳасрато, ҳайфо,
Навҷавонию фасли афсона!»
Дар раҳи сӯи пирӣ рафтанҳо,
Дӯстонам, бувем мардона!

20.5.1963

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед