ЗАНОНИ ДАВРОНИ ПЕШ ВА ҲОЗИР

Занҳо пештар ибо аз чашми мардон доштанд,

Наварӯсон куртаи парпаргиребон доштанд.

Моҳ ҳам аз ҳуснашон дар осмон мекард рашк,

Як ҷаҳон ҳусну малоҳат ҳамчун ҳурон доштанд.

Хуштакаллум, боадаб занҳо буданд дар хонаҳо,

Рӯзгоре хуш аҷаб як давру даврон доштанд.

Дар дабистони адаб мехонд зан дарси адаб,

Шишту хез ҳам гуфтугӯ бо ҳукми Қуръон доштанд.

Мӯиро кайҳо бурида шаҳрӣ зан дар даври мо,

Аз шариат, ё зи шаҳвар хатти фармон доштанд?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед