ЗАРАФШОН МЕРАВАД СӮИ БУХОРО

Зарафшон меравад сӯи Бухоро
Зи кӯҳи Панҷрӯд, аз чашмасорон.
Ба роҳаш ёдгорӣ монда ҷорист,
Ба нафъи халқ зар афшонда ҷорист.

Ҳаме ҷорист монанди ҷавонӣ,
Ниҳодаш – паҳлавонӣ, қаҳрамонӣ.
Ту пурсӣ лангари мавҷаш кӣ додаст?
Зи савти шеърҳои устод аст!

Чунин тобу тавон бар вай кӣ додаст?
Зи номи тобноки устод аст!
Замини роҳи худро нақшбандест,
Чу панди Рӯдакӣ хотирписандест.

Вале ояд чу наздики Бухоро,
Шавад сокит, сукуташ сарду ғамзо.
Ҳамон асри фалокат ёдаш ояд,
Ба хотир қисмати устодаш ояд.

Виқору шавкаташ, туғёну ҷӯшаш,
Салобат, ҳашмату азму хурӯшаш,
Шитоби мавҷҳои беқарораш,
Сахои қатраҳои зарнисораш –

Ҳама хомӯш гарданду ба ҳасрат
Зарафшон сокиту ором истад.
Азо гирад ба ёди ҳамдиёраш,
Ба ёди он, ки карда номдораш.

Парешон, хастаю маъюс гардад,
Тамоми зиндагӣ кобус гардад.
Варо беҳолу беимдод бинӣ,
Зи ҳолаш қисмати устод бинӣ…

4.10.1963

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед

Рабство