ЗАВҚИ ДИДОР
Ба рӯи ман ҷаҳон хандид, боғу бӯстон хандид,
Зи тарфи раҳ гули оташ чу тифли навзабон хандид,
Хутути дури тақдирам шуда бар ман аён, хандид,
Чу аз наздик бишнидам садои хандаҳоятро.
Бубин: дар об акси гирдаи маҳтоб афтодаст,
Ки гӯё лаълии заррин миёни об афтодаст,
Шафақ дар рӯи мавҷи об андар тоб афтодаст,
Ҳамин дунёст шоҳид, ки ману ту дилбарӣ кардем…
Нигори дӯстрӯям, хандаҳоят рӯзгор овард,
Вафоят чун гули бодом пайғоми баҳор овард,
Паёми некбахтиву шикасти сад хумор овард,
Нигоҳат кард равшан тирароҳи ҷустуҷӯямро.
Ман охир раҳрави раҳношиносу навсафар будам,
Миёни корзори зиндагонӣ бесипар будам,
Чи бахте, омадӣ охир! Зи дидори ту масъудам.
Биё, то пӯязан бошем мулки пойнорасро.
Биё, бо ҳам гули тақдири инсонро шукуфонем,
Биё, дар санглохон тозагулбоғе бисабзонем,
Ба амри қарзи фарзандӣ биё, ки тозатар хонем
Ба ишқу орзуи худ суруди бостониро.
Биё, бо ту ба мулки шаъну шавкат роҳ мегирам,
Дар ин раҳ ман ба ҳар оташ намесӯзам, намегирям,
Ба ҳар дарде наменолам, ба ҳар марге намемирам,
Бимон, эй зиндагонӣ, по ниҳам бар остони ту!
3.1.1963
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ