Захм

Бо кӣ равшан созам аҳволи дили афкори хеш,
То ба кай чун шамъ сӯзам бар сари бемори хеш.
Баҳри осоиш, ки аз ғамхона сар берун кунам,
Мениҳам чун соя паҳлу бар таи девори хеш.
Бар сари ман осиё гардад таҳаммул мекунам,
Чун намебинам касеро зери гардун бори хеш.
Бар бадан аз нолаи ҷонкоҳ дорам захмҳо,
Бастаам чун най камар умрест бар озори хеш,
Аз баланду пасти олам гашт сӯҳон комёб,
Хасм меболад ба худ аз вазъи ноҳамвори хеш.
Сайидо бошад кудурат рӯзии соҳибҳунар,
Шохи гул аз пой натвонад кашидан хори хеш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед