ЗЕБӣ

Зебӣ  дар  гӯшаи боғ,
Бинмояш он ҷо суроғ.
Зебӣ дар тори  дарахт,
Кам кунад  бори дарахт.
Боғе калонаш кобияш
Осон намеёбияш.
Гуфти ман бефиреб аст,
Зеби монанди себ аст.
Чун ду себ ӯро  ду  рӯ
Чашмоне чун ду олу.
Биняшро бибинӣ,
Себи яхак на бинӣ.
Ҷо гашта ҷойи занах
Себи сафеди берах.
Зебӣ чинад  аз саҳар
Себи  боғи лаби ҷар.
Аз себи чидаи ӯ-
Пур майдонирӯйи ҷу
Себу субу себу себ,
Саҳне аҷаб дилфиреб.
Ин ҳамаро бо ду даст,
Як худи зебӣ   чидаст.
Кори  зебӣ базеб аст.
Бефанду бефиреб аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед