Зи ҷанҷолу кашокашҳои дунё

Дилам мондаст аз ғавғои дунё,
Зи ҷанҷолу кашокашҳои дунё
Дурӯиҳои дунё бесабаб нест,
Худ илко мекунад савдои дунё.
Ба ҷону дил ба ҷуз нақши ғаме нест,
Зи накши атласу дебои дунё.
Фиреби чашму шуғли кӯдакон аст
Ҳама ашё, ҳама колои дунё.
Таку боло задам, афсӯс, афсӯс,
Надонистам таку болои дунё.
Ба ҳаққи ҷон фақат кулфат харидам
Зи меҳнатҳои ҷонфарсои дунё.
Зи кулли ваъдаҳо як мушти афсӯс,
Ҳамин накдам расид, эй вои дунё!
Чу дунёрю сари парвои ман нест,
Надорам банда ҳам парвои дунё.
Валекин, гарчи рӯзе мек) шад, боз
Бихоҳам дидани фардои дунё…
1983

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед