Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам

Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам,

Ки аз болобаландон шармсорам.

Магар занҷири мӯе гирадам даст,

Вагарна сар ба шайдоӣ барорам.

Зи чашми ман бипурс авзоъи гардун,

Ки шаб то рӯз ахтар мешуморам.

Бад-ин шукрона мебӯсам лаби ҷом,

Ки кард огаҳ зи рози рӯзгорам.

Агар гуфтам дуъои майфурӯшон,

Чӣ бошад, ҳаққи неъмат мегузорам.

Ман аз бозуи худ дорам басе шукр,

«Ки зӯри мардумозорӣ надорам».

Саре дорам чу Ҳофиз маст, лекин,

Ба лутфи он саре уммедворам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед