Зи хумори ишқ шодам

Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям,
Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям,
Зи хумори ишқ шодам, ки дили маро ҷавон кард,
Ба хумори дил расидам, зи хумор шукр гӯям.
Зи шарори хандаи гул ба дилам шарора афтод,
Ба дили шарораборам зи шарор шукр гӯям.
Ғ азали ҳазор бошад зи ҳазор ҷилваи гул,
Зи ҳазор нагмаи ӯ ду ҳазор шукр гӯям.
Чу баҳор гул фишонад, ба барори нав расонад,
Зи барои ризқи мардум зи барор шукр гӯям.
Чу шавад шукуфаборон ба сару ба дӯши ёрон,
Зи хазон кунам фарлмӯш, зи баҳор шукр гӯям.
1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед