Зи наҳси осмон гуфтанду рафтанд

Бидуздиданд симу зар зи конҳо,
Ҳама камбуди кон гуфтанду рафтанд.
Бародарро зи кин куштанд, лекин
Хато рафт аз камон гуфтанду рафтанд.
Ба ҷурми хештан тан дарнадоданд,
Гуноҳи одамон гуфганду рафтанд.
Басо андар замин истора куштанд,
Зи наҳси осмон гуфтанду рафтанд.
Агар буданд ҳези зан ба музде,
Базаҳкораш занон гуфтанду рафтанд.
Ҳама каҷбозии даврони худро
Хатои рафтагон гуфтанду рафтанд.
Ба ҳам карданд бас номеҳрубонӣ,
Фалак номеҳрубон гуфтанду рафтанд.
Забонро гар нафаҳмиданд борик,
Гуноҳи тарҷумон гуфтанду рафганд.
Хирадшон кӯр буд, имонашон кур,
Зи аҳвал алъамон гуфтанду рафтанд
Ду-се фарди забардасте ағар буд,
Ду каф бикшода, «нон1» гуфтанду рафтанд.
Ду- се тан марди фарманде агар буд,
Ҳама тарки макон гуфтанду рафтанд.
Ба сони Аҳмади Дониш ба сад дард
Ба гӯши хар азон гуфтанду рафтанд.
1995

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед