Зи паҳноҳои гардунҳо ба рӯи хоки ҳомунҳо
Дили бсдилбаре дорам, на месӯзад, на месозад,
Кафи хокистаре дорам, на месӯзад, на месозад.
Зи паҳноҳои гардунҳо ба рӯи хоки ҳомунҳо
Фитода ахтаре дорам, на месӯзад, на месозад.
Гули чашмам набигзорад, ки бинам чашми гулҳоро,
Нигоҳи музтарс дорам, на месӯзад, на месозад.
Дарего, аз сарам рафтаст дастн ш зфқати модар,
Сари бсмодарс дорам на мссӯзад, на месозад
Дилам холист аз табҳои сӯзони суруди ишқ,
1 аби марговарс дорам. на мссӯзад. на месозад
Варақгардон шуда, дардо, китобу дафтари умрам,
Сари дарди саре дорам. на месӯзад. на месозад.
Ба шодиҳои минбаъдӣ ҳама ғамҳом бовар дошт.
Ғами бебоваре дорам, на месӯзад, на месозад.
Зи ашку хуну ҳар обе, ки умре аз сарам бигзашт,
Саропои таре дорам, на месӯзад, на месозад.
1982
Шарҳи худро нависед