Зи пой то ба сарам гулфишонй мехоҳам

Баҳор омаду ман сабзҷонй мехоҳам,
Чу сабза сабзии бахти ҷаҳонӣ мсхоҳам.
Ба пои ёр ба монанди арғувони баҳор
Зи пой то ба сарам гулфишонй мехоҳам.
Хазони умр фаро мерасад, мани шоир
Зи боғи шеъри Ачам бехазонӣ мехоҳам.
Сабуксарони замона маро хиҷил карданд,
Биёр ратли гарон, саргаронй мехоҳам…
Ба ҳар кӣ менигарам, эй басо зи худ рафтаст,
Зи худшинохтагон муждагонӣ мехоҳам.
Маро ба ҳоли худам дил намсгузорад ҳеҷ,
Вагарна боз ҷавонй, ҷавонй мехоҳам
Чунон ки ошикам имрӯз аз насиби азал,
Ҳазор соли дигар зиндагонӣ мехоҳам.
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед