Зи як сарчашма меоем

Ду раҳсозему раҳпаймо — ману дарё, ману дарё,
Ду ҳамроҳему ду танҳо — ману дарё, ману дарё.
Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ,
Ба поинҳо аз он боло — ману дарё, ману дарё.
Ман аз вай шӯр мегирам, вай аз ман шеър мегирад,
Ду пуршӯрему пурғавғо — ману дарё, ману дарё.
Дили ӯ масти тӯфонҳо, дили ман масти туғёнҳо,
Ду сармастему пурсавдо — ману дарё, ману дарё.
Ғазал мехонад ӯ, ман ҳам, фиғон месозад ӯ, ман ҳам,
Ду шоир, ду дили шайдо — ману дарё, ману дарё.
На парвои маломатҳо, на парвои сиёсатҳо,
Ду девона, ду бепарво — ману дарё, ману дарё.
Ба ёди ёр менолем — ёри орзуҳомон,
Ду маҷнунем дар саҳро — ману дарё, ману дарё.
Гаҳе дар худ намегунҷем, меҷӯшему мешӯрем
Ба қасди соҳилу маҷро — ману дарё, ману дарё.
На боки садди раҳ дорему на бок аз халалгорон;
Ду ҷӯёи раҳи фардо — ману дарё, ману дарё.
Ба чандин ранҷу тобу таб суруди зиндагӣ дар лаб
Давонем аз пайи дунё ману дарё, ману дарё…
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед