ЗИМИСТОН ДАР КӯҲИСТОН

Фавҷи нуқраболи   барф

Сӯйи кӯҳистон омад,

Бо як шитобу шигарф

Фасли зимистон омад.

 

Дар кӯҳистон ба чӯпон

Соати имтиҳон шуд,

Бояд гирад имтиҳон,

Муаллим зимистон шуд.

 

Ақли ӯро осон аст,

Месанҷад беш аз ҳама.

Вабастаи чӯпон аст

Сарнавишти як рама.

 

Кӣ  қобил асту доно?

Кӣ танбал ату доно?

Зимистон диҳад баҳо

Дар бойёни баҳорон.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед