Зиндаги
Сарбузурги боғи нурмева дарахти бед шуд,
Шамъи мурда ҳокими манзумаи хуршед шуд.
Зиндагон бар мурдареги зинда1ӣ жӯлидаанд,
Зиндагй аз зиндагонӣ буданаш навмед шуд.
Зиндагию мурдагӣ буданд тавъам, лек ҳайф,
Зиндагӣ мурду ба ҷояш мурдагй тавлид шуд!
Мерасад бӯйи аҷал дар батни модар тифлро,
Оҳ, оҳ, эй зиндагй, рӯйи ту ҳам нодид шуд!
Аз таваллуд то ба мурдан авҷи мавҷе беш нест,
Вой бар он мурдае, ки зиндаи ҷовид шуд!
Зиндагӣ дунёкушоӣ буд дар саҳни вуҷуд,
Ин замон чун наҳви тоҷикӣ ҳама тақлид шуд.
Аз пайи рӯзӣ парешон аст тоҷик дар ҷаҳон,
Ин парешонӣ барои гушначашмон ид шуд!
Вахдати тоҷик ба чашмам дарнамеояд, зи бас
Дур аз тамҳид шуд, бегона аз тавҳид шуд…
1990
Шарҳи худро нависед