ЗИНДАГӢ, БИНМО БА МАН РОҲИ САФЕД!

Духтаре рӯзе ба ман мактуб дод,
Буд мактубаш муҳаббатномае.
Буд арзи ишқи софе, эътиқод
Бо забони коғазею хомае.

Шарм карду рафт пас аз назди ман
Бо нигоҳи боумеде, ҳасрате.
Дар нигоҳаш буд нури зиндагӣ,
Дар қадамҳояш суботе, ғайрате.

Буд рамзи раҳм нури чеҳрааш,
Рӯйҳояш буд мисли пахтасеб.
Пайкари зебош ҷавлон менамуд,
Буд тарзи раҳравияш дилфиреб.

Ман ба ишқи дигаре девонаям,
Лек охир ӯ намехоҳад маро.
Интизори ишқи ин духтар наям,
Лек охир ӯ ҳамехоҳад маро.

Ман аз ин мактуб меболам гаҳе,
Гоҳ мегӯям: чӣ бошад сирри ин?
Дар ғами дил сахт менолам гаҳе,
Ёр бепарвост аммо чун замин.

Дар миёни шубҳаю ишқу умед,
Дӯстон, ман хешро гум кардаам.
Дар талоши бахт, бахти нопадид
Ман ҷавони оҳу ғампарвардаам.

Лаҳзаҳою рӯзҳои бешумор,
Пандҳо, оед, имдодам кунед!
То кунам андешае дар ишқи ёр,
Чорагар бошед, дилшодам кунед!

Дар сари дуроҳае истодаам,
Дар сари дуроҳаи ишқу умед.
Дар миёни гирди об афтодаам –
Зиндагӣ, бинмо ба ман роҳи сафед!

Сӯи саҳро лолачинӣ рафт ӯ,
Аз паяш рафтам баҳона кофта,
То бигӯям арзи меҳри аввалин
Рӯ ба рӯ, як ҷои хилват ёфта.

Ӯ зи роҳаш гашт бо сад шубҳае,
Нокасам пиндошту тарсид ӯ.
Омаду аз гулфурӯшон гул харид,
Бо тамасхур сӯи ман хандид ӯ.

Ҷилва карду рафт ӯ аз назди ман,
Гул хариду рафт сӯи ваъдагоҳ.
Хостам ман ҳам харам як даста гул,
Лек бар кӣ мебарам ман? Оҳ, оҳ!

Рафт ӯ бар дидани дидори ёр,
Ман шудам аз ишқи худ хунинҷигар.
Не, ман акнун лолачинӣ меравам,
Сӯи саҳро нею бар ҷои дигар…

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед