Ҳикмати зиндагӣ

Чунин беқайду бепарво шудӣ ту?
Дареғ аз ҷӯшу туғёни ҷавонӣ!
Чунин дилсарду беандеша гаштӣ?
Дареғ аз раъду барқи ногаҳонӣ!

Чӣ шуд дар субҳи хуршедии умрат,
Ки то бегаҳ нарафта хастаҳолӣ?
Чӣ шуд дар аввали роҳи насибат,
Ки меҷӯӣ заволи безаволӣ?

Ҳама уммедҳо сурат набаста
Чу домони уфуқ аз ту ба дуранд.
Дареғ аз сӯзҳои нотамомат,
Ки андар ними раҳ афтода мурданд.

Замоне пеши чашмони ту дунё
Муаммо буду меҷустӣ дареро.
Зи оташ ғайри гармӣ, сӯхтан боз
Ту меҷустӣ сифоти дигареро.

Нигоҳи раҳгузар баҳрат «чаро» буд,
Сукути кӯҳ тӯфон менамудат.
Хамӯшии дару девори хона
Забон меёфт дар савту сурудат.

Ба ҳар як кашмакаш, афту дарафте,
Талоше, ҷангуҷӯше, гирудоре,
Ҳаромӣ, нотавонбинӣ, хабисӣ,
Ҳамоқат, носипосӣ, фитнакорӣ,

Ту бо ҳукми дили бекинаю пок,
Дили бедоғу ноолудаи худ
Ниҳон месӯхтӣ. Суде надидӣ.
Надидӣ оташеро ҳеҷ бе дуд!

Магӯ, ки нест ҳаргиз ҳақгузоре
Ҳама кас як касу як кас ҳама не.
Магӯ, ки нест бо ту ҳамсадое,
Дар ин раҳ ҳеҷ як кас бетамаъ не.

Магӯ, ки ин чунону он чунин аст,
Ки ҳар кас бо ҷамоли хеш зебост.
Зи каҷроҳону аз худ гаҳ бурун рав
Гумон бар: манзилат арши муаллост.

Марав, эй қатра, аз дарё канора,
Ки дигар ҳеҷ гоҳе барнагардӣ.
Замини хушк меошомадат зуд
Намепурсад, ки то ҳоло чӣ кардӣ…

Чӣ шуд дар субҳи хуршедии умрат,
Ки то бегаҳ нарафта хастаҳолӣ?
Чӣ шуд дар аввали роҳи насибат,
Ки меҷӯӣ заволи безаволӣ?

13.6.1964

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед