ЗИНДАГОНӢ БО ХУШӢ
Дар ҷаҳон шаш чиз меояд ба кор:
Аввалин ёру таоми хушгувор.
Хуш бувад ёри мувофиқ дар ҷаҳон,
Боз махдуме ки бошад меҳрубон.
Ҳар сухан, к-он ростгӯию дуруст,
Беҳ зи дунё з-он ки дар вай нафъи туст.
Он чи арзон аст олам дар баҳош,
Ақли комил дон ту з-ӯ дилшод бош.
Душмани ҳақро набояд дошт дӯст,
Бозгашти ҷумла чун охир бад-ӯст.
Айби кас бо ӯ намебояд намуд,
З-он кӣ набвад ҳеҷ лаҳме беғадуд.
Аз худо хоҳ ҳар чи хоҳӣ, эй писар,
Нест дар дасти халоиқ хайру шар.
Бандагонро нест носир ҷуз илоҳ,
Ёри аз ҳақ хоҳ, аз ғайраш махоҳ.
Он кӣ аз қаҳри худо тарсад касе,
Бегумон тарсанд аз вай ҳар касе.
Аз бади гуфтан забонро ҳар кӣ баст,
Кард шайтони лаинро зери даст.