Зодруз

Зодрузе метавонад буд
Зодрузи хандаи хуршед,
Зодрузи шуълаи уммед,
Зодрузи марги зулмат,
Зодрузи марги вахшат,
Зодрузи марги рузи сахт,
Зодрузи шодрузи бахт.
Зодрузе метавонад буд
Зодрузи тобиши сад рахнамо анҷум,
Зодрузи сабзиши гандум,
Зодрузи руиши пурзаҳмати сарсабзаи тар
аз дили санг,
Зодрузи шуълаҳои гарму рангин
аз мухити сарду беранг,
Зодрузи васли обу ҳалқи ташна,
Зодрузи васли ноневу диле гушна.
Зодрузе метавонад буд
Зодрузи охири ғамҳо,
Зодрузи аввали эҳё,
Зодрузи катъи фасли тирборон,
Зодрузи авҷи фасли шеърборон,
Зодрузи васли ҳарфи шодиофар
бо лаби хомуш, Зодрузи фасли гулҷӯш.
Зодрӯзе метавонад буд Зодрӯзи эҳтироми обҳои соф, Зодрӯзи эҳтишоми адлу инсоф, Зодрӯзи роҳҳои сӯи дунё боз, Зодрӯзи роҳҷӯёни сарафроз,
Зодрӯзи васли чашми мунтазир
бо шодии дидор,
Зодрӯзи нангу ному ор, ҳамдастии подор.
Зодрӯзе метавонад буд
Зодрӯзи бо ҷаҳоне гуфтугӯ кардан,
Зодрӯзи ормонро рахнамои орзӯ кардан,
Зодрӯзи чашмаҳоро роҳҷӯ бинмуда, ҷӯ кардан,
Зодрӯзи обҳоро обрӯ кардан.
Зодрӯзе метавонад буд
Зодрӯзи нурбори рӯшноӣ,
Зодрӯзи меҳрзори ошнои,
Зодрӯзи родмарди,
Зодрӯзи шеваи озодмарди.
Зодрӯзе метавонад буд
Зодрӯзи арҷмандии диёре,
Зодрӯзи сарбаландии диёре,
Зодрӯзи тахти як давлат,
Зодрӯзи бахти як миллат ..
Зодрӯзе инчунин зебо муборак бод, Шодрӯзи нозанин эҳё муборак бод!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед