Зулф бар бод мадеҳ

Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам,

Ноз бунёд макун, то наканӣ бунёдам.

Май махӯр бо ҳама кас, то нахӯрам хуни ҷигар,

Сар макаш, то накашад сар ба фалак фарёдам.

Зулфро ҳалқа макун, то накунӣ дар бандам,

Турраро тоб мадеҳ, то надиҳӣ барбодам.

Ёри бегона машав, то набурӣ аз хешам,

Ғами агёр махӯр, то накунӣ ношодам.

Рух барафрӯз, ки фориғ кунӣ аз барги гулам,

Қад барафроз, ки аз сарв кунӣ озодам.

Шамъи хар ҷамъ машав, в-арна бисӯзӣ моро,

Ёди ҳар қавм макун, то наравӣ аз ёдам.

Шӯҳраи шаҳр машав, то наниҳам сар дар кӯҳ,

Шӯри Ширин манамо, то накунй Фарҳодам.

Раҳм кун бар мани мискину ба фарёдам рас,

То ба хоки дари Осаф нарасад фарёдам.

Ҳофиз аз ҷаври ту ҳошо, ки бигардонад рӯй

«Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам»

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед