Зулфи чун занҷир
Манам аз зулфи чун занҷири ёре
Парешонтолеъе девонаворе.
Ба ғайр аз ошикиву майпарастӣ,
Зи дастам барнаёяд хеҷ коре.
Нагардад гирди ӯ ғам, хар кӣ бигрифт
Чу чашмаш гӯшаеву кунҷи ғоре.
Зи борони сиришк аз чашми пурхун
Ҳарими кӯйи ӯ шуд лолазоре.
Дар ин саҳрои ғам чун гирдбодам,
Ҳамеша беқароре, хоксоре.
Дар ин гулшан надидам ҷониби гул,
К-аз ӯ дар пойи дил нашкаста хоре.
Набошад ҳеҷ ошиқ ҳамчу Ҳофиз,
Фақире, бекасе, беэътиборе.
Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ
Шарҳи худро нависед