Зулфи ту

Ба сӯйи кулбаам шоме, ки он шамъи висол ояд,
Дилам аз сина берун, ҳамчу фонӯси хаёл, ояд.
Шавад мижгон ба чашми ашкборам нахли боровар,
Дар оғуши тамошоям агар он навниҳол ояд.
Ба дасти зулфи раммозаш магар афтода мактубам,
Ки мурғи номабар аз кӯйи ӯ ошуфтаҳол ояд.
Ҳилоли нохун аз гулҳои доғам даст бардорад,
Ба дилпурсӣ агар он лоларӯйи хурдсол ояд.
Гиребони тулӯъи субҳ гардад остини ман,
Ба дасти кӯтаҳам рӯзе, ки домони висол ояд.
Ба ёди чашми ӯ аз шаҳр агар берун кашам худро,
Ба истиқболи ман аз домани саҳро ғазол ояд.
Зи абрӯяш надида қосиди ман гӯшаи чашме,
Нигоҳам аз тамошояш ба қадди хамчу дол ояд.
Лаби хушки маро рӯйи арақноки ту тар созад,
Ба коми соғарам аз ҷуйи Хизр оби зулол ояд.
Дукони хешро, эй Сайидо, рӯзе, ки бикшоям,
Матоамро харидорикунон гарди малол ояд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед