Лоиқ Шералӣ Архив

ТАЛАБГОРӢ

Намедонам, намедонам, Ки ишқат ногаҳон бигрифт Гиребонам, гиребонам. Бимирам чашмаконатро, Бигӯ асли маконатро. Бигӯ, оям талабгорӣ Рухони хунчаконатро. Ту мерафтӣ шукуфонрӯ Гул андар кокулонат

БОРОН

Ту аз чархи барин борӣ, Ба рӯи ин замин борӣ. Бишӯӣ гарди гулҳоро, Нашӯӣ доғи дилҳоро. Борон, борон, Борон, борон, Эй ашки инсон Бар

ҶОМИ ДИГАР

Ин манам бохтадил, Ошиқи ҷонбагарав – Ошиқи тозагуле Аз ҳама куҳнаву нав. Соқиё, ҷоми дигар, ҷоми дигар, ҷоми дигар, Ки дилам хун шуда аз

ХАНДАҲОЯТ

Эй гули ман, Чун ту механдӣ ба сӯям, Хандаҳоят хандаи иқболи ман бошад, Хандаҳоят хандаи омоли ман бошад, Чун ту механдиву механдӣ ба рӯям,

СИТОРАҲО

Шумо гувоҳ будаед Зи рафтагони бонишон. Шумо худ озмудаед Ҳама вафову сидқашон. Ситораҳо, ситораҳо, Ба саҳни беканораҳо Зи ишқҳои рафтагон Шарораҳо, шарораҳо. Чу модарони

ТАНҲО

Рафтам аз хонаи чашми тую аз хонаи дил, Ту бимон бо худу ман бехуду девонаи дил. Баъд аз ин дар ду ҷаҳон Роҳи ман

ИМОНИ ДИЛ

Ишқат имони дилам, қиблаи имони дилам, Зулфи чун силсилаат силсилаҷунбони дилам. «Санаме, санаме, Дара бикшо, манаме». То ба кай пушти дарат Ҳалқа бар дар

ЧАШМИНТИЗОР

Дар дили шабҳо дилам гум мезанад, Ман туро мехоҳаму нози туро. Дар миёни чордевори хаёл Бишнавам аз дур овози туро. Ман фидои нозболини туям,

ГУНОҲАТРО НАМЕБАХШАМ

Гуноҳатро намебахшам, Ки саргардони худ кардию рӯгардон шудӣ аз ман. Гуноҳатро намебахшам, Ки дар даврони мардон ёри номардон шудӣ аз ман. Намебахшам гуноҳатро, Гуноҳатро

ҲАСРАТ

Озори дил ҳаст, осори дил не, Хории дил ҳаст, ғамхори дил не. Сад бори дунё бар дӯши дилҳо, Бар дӯши дунё як бори дил

ШУКРОНА

Ба он модар, ба он манзар Ҳазорон шукру миннат бод, Ки зери гунбади ахзар Туро баҳри дили ман зод. Муборак ҷашни милодат, гули ман,

ВАРЗОБ

Аз синаи хок, аз синаи санг, Мастона оӣ бо шӯру оҳанг, Эй мавҷи бехоб, эй набзи бетоб, Дарёи Варзоб, дарёи Варзоб. Гулбоғ аз ту

КИШВАРИ МАН – МОДАРИ МАН

Чашмаҳоят – чашмаи шеъру суруд, Қуллаҳоят – садри пайғому дуруд, Хоки покат – соҳати буду набуд – Тоҷикистон, кишвари ман, Модари ман, модари ҷонпарвари

ДУО

Ту гули шукуфтарӯӣ, ҳама бехазон бимонӣ, Ту баҳорӣ гулфишонӣ, ҳама гулфишон бимонӣ, Ҳама дам кунам дуоят, ки чунин ҷавон бимонӣ! Ту маро шинохтӣ боз,

ПАНДИ КӮҲНА

Ёрон! Ба каф пиёлаву дар дил ғубор чист? Имрӯз ҳам гузашт, ғами рӯзгор чист? Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст? Ҳар дам ғанимат

ХАЗОНРЕЗ

Рӯд аст коҳил, хуршед хаста. Барги дарахтон – боли шикаста. Дар тарфи гулхан аз оби оташ Нӯшед ҷоме бо ҳам нишаста. Бо ҳам бисозед,

ГУЛИ НОЧИДА

Чашми сиёҳе доштӣ, Ҳусни илоҳӣ доштӣ. Месӯхтӣ ҷони маро, Барқи нигоҳе доштӣ. Ҳайф аз гули ночидаам, Аз ишқи новарзидаам. Ишқи ман андар сина монд,

НИЁИ

Ҳар кас рӯи ту бинад, бинад рӯи ҷавонӣ, Аз атри кокулонат ёбад бӯи ҷавонӣ. Рӯи хазон набинад Боғи ҳусни рангинат. Доғи гуле набинад Чашмони

ЭЙ БАХТИ МАН

Ишқи ҷавонӣ чун шарар Месӯзадам ҷону ҷигар. Аз синаи пуроташам Ҷуз ғам намегирад хабар. Роҳи ту дур, эй бахти ман, Чашми ту кӯр, эй

ИШҚИ СИНАСӮЗ

Бе ту набуд ранге Дар гулшани баҳорам. Бе ту набуд барге Дар боғи рӯзгорам. Хуш омадӣ ба сина, Эй ишқи синасӯзам. Сӯзат зиёдатар бод

БОЛИ ШИКАСТА

Ёри ягонаи ман, Авҷи таронаи ман, Шарм аз худо накардӣ, Бо ман вафо накардӣ. Тори гусастаи дил, Боли шикастаи дил, Шарм аз худо накардӣ,

ЗИНДАГӢ ДАРЁСТ…

Зиндагӣ дарёст, дарё бигзарад. Ошиқӣ савдост, савдо бигзарад. Чун тамошои ҷаҳон як навбат аст, Навбати мову тамошо бигзарад. Рӯд мехонад тарона. Бод мегӯяд фасона.

МИЖГОНДАРОЗ

Ман будаму ту, ҳам ҷоми бода, Дил бурдӣ аз ман бо чашми сода. Дилама гумраҳ кардиё Бо дилгудозӣ. Умрама кӯтаҳ кардиё Мижгондарозе. Шаб ними

ГӮШАИ ДИЁР

Паҳност баҳру бар, дунёст бекарон, Аммо азизтар бошад маро зи ҷон Як коса оби сард аз оби чашмасор, Як нолаи бадард аз тори обшор.

НОЗАНИН

Шишта будам ними шаб, ки тақ-тақи дарвоза шуд, Омаданҳои ту ёд омад, хуморам тоза шуд. Рӯи гандум дорию чашмони ҷоду, нозанин, Мекушӣ охир маро

ОШИҚАМЕ

Ҳар куҷое биравам, Рӯи ӯ дар назарам. Гар равам аз дари ӯ, Дар ҷаҳон дарбадарам. Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме, Бахудо, ошиқаме,

ХОСИЯТИ ДУКОКУЛА

«Хосияти дукокула, Ба рӯм задӣ барги гула» Ба рӯм задӣ барги гула, Куштӣ ҳазор булбула. Чи бо итоб меравӣ, чи бошитоб меравӣ, Дили ман

МУБОРАКБОД

Бошад муборак ҷашни ҷавонӣ, Рӯзи муроди ёрони ҷонӣ. Арзад ки имшаб дар пои ёрон Ҳам гул фишонӣ, ҳам дил фишонӣ. Обод бошед, эй ҷуфти

МУБОРАКБОДИ ИШҚ

Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам, Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳоли аҷабат бинам, Доро шудаӣ, эй дил, ғамҳот муборак бод! Аз санг шарар

РАНҶИ ДЕҲҚОН

Рӯи сурху чашми серу хотири шод, Файзи умру нури бахти халқи озод, Хонаи ободу ободии даврон – Бошад аз дастони деҳқон, Дасти пурэҳсони деҳқон.

ЗАМИНИ НОЗАНИН

Замини нозанин, дар оғуши ту Гулистонҳову бустонҳо шукуфта. Замини нозанин, дар оғӯши ту Далерони Ватан ҷовид хуфта. Ба номи ту суруди ман, Паёми ман,

НИГОҲИ ИНТИЗОР

Дар нимароҳи уммед, дар роҳи пешбаста Хонам суруди ҳиҷрон бо ёди ту нишаста. Сарсону ҳаркуҷоӣ чун коҳи роҳи бодам, Бе ту ба худ наоям

ИШҚИ ТУ

Бо ёди ту, эй моҳи нав, Ман оҳу ғампарвардаам. Дар роҳи ишқи ту гарав Ҷони ҷавон овардаам. Биншин ба паҳлӯям каме, То рози худ

БАЛЛАДАИ ОФТОБИ НОРАК

Зар аз сандуқи кӯҳ омад ба берун, Раҳо шуд офтоб аз чоҳи Зиндон. Зи кӯҳи Нор банди Нур во шуд – Рамузи роҳи нуронии

СИМЧӮБҲО

Бо нахустин аскари сурх, Бо нахустин духтури рус, Бо нахустин муҳри Шӯро Омадед аз ҷангали паҳновари рус. Чун асое бар заифе, Муттакое бар наҳифе

СУРУДИ ТУНЕЛКОРОН

Санг санг аст, лек дил дорад, Раҳ кушоем дар дили ҳар санг. Нарм созем мо дили сахташ Бо қувои саноеъу фарҳанг. Кӯҳҳоро зи по

СИМЧӮБҲО

Бо нахустин аскари сурх, Бо нахустин духтури рус, Бо нахустин муҳри Шӯро Омадед аз ҷангали паҳновари рус. Чун асое бар заифе, Муттакое бар наҳифе

КӮЧИЁН

Хонаҳои амонати кӯчӣ – Хонаҳои вагонии сайёр Зиндагишон ҳамеша дар роҳ аст Бесукун зери гунбади даввор. Ҳаст андар бисоти соҳибашон Манҷаҳу1 хобҷомаи сафарӣ, Раҳшиносанд,

ҲАМОСАИ ЧАШМУ ЧАРОҒ

Нахустин одаме, к-андар миёни зулматистони муҳити хеш нуре ҷустуҷӯ мекард, Ва андар кулбаи тораш чароғе орзу мекард, Нахустин бор сӯи осмон наззора карду дид

СУТУНҲО

Ҳама чун аскарони сафкашида Ҳазор андар ҳазоранд. Ситода дар рада мисли низомӣ Қатор андар қаторанд. Ҳама чун аскарони навбатӣ дар посгоҳи хеш Гӯё посбони

БУНЁДКОРОН

Дидам, ки чашмҳошон чун чашмаҳои нуранд, Милён киловати нур аз чашмашон ҳувайдост, Ҳар набз ноқили зӯр амсоли ноқили нур, Ҳар дил даруни сина чун

БУНЁДГОҲИ КОХИ НУР

Дар тангнои кӯҳ, Дар ҳавзае, ки мешавад бунёд Кохи нур, Ғавғои маҳшар аст. Ин ҷо на савти хонише, на саҳни ромише, Дунёи дигар аст.

КОРЕЗИ ФИРДАВСӢ

Орзуе дошт Фирдавсӣ ба дил, Ранҷи чандинсола гар судаш диҳад, Баҳри подоши суханҳои баланд Силае гар шоҳ Маҳмудаш диҳад, Дар деҳи Бож аз барои

ВАСИЯТИ ФИРДАВСӢ

Кашф нанмояд ситора дар фалак Ҳеҷ як ахтаршинос андар ҷаҳон Бо умеди он, ки тобад аз само Бар сари ӯ бештар аз дигарон. Шоирӣ

ФИРДАВСӢ ВА ТЕМУР

Масти хун бо савлату боди бурут Чун суи Эронзамин лашкар кашид, Ланг-лангон Темури бедодгар Бар мазори поки Фирдавсӣ расид. Бар сари хоки гиромӣ по

АРВОҲИ ДОМАНГИР

Мепарад рӯҳи Рустами Дастон Ҷониби мулки умри ҷовидон. Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир Мепарад аз қафош бо таъхир. Аз миёни ғубори умри абад Акси

НАВҲАИ ТАҲМИНА БАР СУҲРОБ

Таҳминаам, Таҳминаам, Аз дарду ғам ду нимаам. Дар ҳасрати Суҳроби ял Дурҷи ғамон шуд синаам. Суҳроби ман – меҳроби ман, Хуршеди ман, маҳтоби ман,

ОХИРИН ҶАНГИ РУСТАМ

Гурз тобон дар офтоби саҳар, Зери рон Рахши барқҷавлон аст. Мешиносед? Рустами дастон Бар набарди раво шитобон аст. Рӯҳи номурдании Фирдавсӣ Аз куҷое ҳамедиҳад

НАВҲАИ ТАҲМИНА БАР СУҲРОБ

Таҳминаам, Таҳминаам, Аз дарду ғам ду нимаам. Дар ҳасрати Суҳроби ял Дурҷи ғамон шуд синаам. Суҳроби ман – меҳроби ман, Хуршеди ман, маҳтоби ман,

ГИРЯИ КОВА БА ҲАБДАҲ ПИСАРАШ

Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд, Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд. Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд, Ба чашми ман вале ҳар хишти

ПУШТИБОНӢ

Дар ҳама Эрону Тӯрон Ҳамнабарди Рустами дастон касе нест. Ҳамбару ҳамбози ӯ дар рӯи дунё Аз тамоми зодаи инсон касе нест. Хомаи Фирдавсӣ то

ҒУРУРИ РУСТАМ

Ман гардани адовати шайтон шикастаам, Ман муҳраи сиёсати шоҳон шикастаам. Бо гурзи тобдори худ фирӯз будаам, Бо мушти обдори худ сандон шикастаам. Бо рӯҳи

РӮҲИ РАХШ

Аз фазои мулки Эрон то фазои мулки Тӯрон – Аз Сиистон то Куҳистон, Аз Хуросон то Бадахшон, Аз фазои лоҷварди мулки Ховар То фазои

ПИСАРИ ҲАЖДАҲУМИ КОВА

Одамизод ҳанӯз озурдаст Аз ҳама ҷангу ҷадалҳои қадим. Одамизод ҳанӯз ошуфтаст Аз ҳама шӯришу балвои қадим. То абад одамӣ хундор бувад Аз ҳама душмани

ГУНҶИШК АЗ МАНОРА

Чӣ гӯям муртади бемазҳаберо, Ки ҳар ҷо даъвии мову манӣ кард. Ба ҷои рӯшиносӣ – рӯхарошӣ, Ба ҷои мӯшикофӣ мӯканӣ кард. Ба ҷои дастгирӣ

БОЛИ АРЗИЗ

Гар аҷал шаҳболи парвозаш шикаст, Гӯӣ бар қасди аҷал Бол месозанд андар шаҳри ӯ2… Бол месозанд ҳам аз шеър, ҳам аз меҳри ӯ –

ЯК ПОРА ХОТИРА

Бори аввал дида будам ман варо Дар лаби Варзоб – дар бустонсаро. Нав сафедӣ бар сараш афтода буд, Ё сафедии замири сода буд. Буд

ДАР ХУНЗАХ

Вориси Хайёму Хайёми авар, Яъне ду фарзона – Мирзою Расул Рақс мекарданд дар каф шохҷом. Ҷомҳо пурбода буданд, Одамон хушнуд аз дидори Турсунзода буданд.

БАЪДИ ТУ

Солҳои охир аз забони устоди бузургвор Мирзо Турсунзода байти зеринро такрор ба такрор шунидаам: Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, Ин тифли нозпарвари

ВОРИСОН

Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан, Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан. Ҳар кӣ нирӯманд бошад дар ҳунар Такя дорад гар ба нирӯи Ватан.

РӮЗИ ҶАНОЗА

Киштии пурбори дил аз паҳнаи дарё гузашт, Хун гирӣ, эй Тоҷикистон, шоир аз дунё гузашт. Ҷор зад аз минбари дунё барои адлу дод, Маркази

ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар қатори қуллаҳои Тоҷикистон, Дар қатори қуллаҳои сангу хок Қуллаи дигар ба гардун сар кашид – Қуллаи шеъри баланду рӯҳи пок. Қуллае андар қатори

ҚИТЪАИ ШЕЪР

Диле дорӣ, ки дар он Осиё гунҷад, Дар ӯ шӯру қиёми осиён гунҷад, Дар ӯ занҷирҳо бигсаста аз дасти ғуломон, Дар ӯ ишкелҳо бишкаста

ДУБАЙТИҲО

Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ. Аё модар, ба

РУБОИЁТ

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам, Ман мӯи сафеди хешро бишморам. Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад, Аз панҷаи нарми модарам ёд орам. Ёрон ҳама

ҚАСИДАИ МОДАР

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон, Ангезаест шояд аз аллаҳои модар. Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам, Дар

ВОЛОТАР АЗ ҲАМА

Як дами ҷон костани модарон Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон. Як нигаҳи шуълавари модарон Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон. Як сухани бонамаки модарон Беҳ

ҒАЗАЛҲО

Дар сари роҳ аст гӯрат, модари ғамкуштаи ман, Шеъри дарду оҳи ҷонам, байти хуноғуштаи ман. Бигзаранд аз паҳлуи ту мардумон Гоҳ боло, гоҳ поён,

МОДАРАМ, ЭЙ МОДАРИ ДУНЁНАДИДА

Рӯзҳои шоду беосебамон буд. Як дарахти себамон буд. Зери боли шохҳояш ҷойгоҳи хобамон буд, Нонамон буд, обамон буд. Модарам дар ҷода мегашт, Хушқаду озода

РОҲНИШИН

Дар сари роҳ аст гӯрат, модари ғамкуштаи ман, Шеъри дарду оҳи ҷонам, байти хуноғуштаи ман. Бигзаранд аз паҳлуи ту мардумон Гоҳ боло, гоҳ поён,

ТУ ОЗОДӢ МАГАР, ЭЙ ЗАН?

Ту озодӣ магар, эй зан? Зи худ шодӣ магар, эй зан? Туро озод кард Уктабр Зи банди ҷаҳлу зулму ҷабр, Вале аз зулм вораста,

СУОЛ АЗ МОДАРИ ТОҶИК

Модари тоҷики ман, Эй модари бисёрфазанд, Дар мақоми аввалӣ дар силки зодан, Дар мақоми аввалӣ ҳам низ дар фарзанд мурдан… Зоданат оё барои оҳу