ОХИРИН ҶАНГИ РУСТАМ

Гурз тобон дар офтоби саҳар,
Зери рон Рахши барқҷавлон аст.
Мешиносед? Рустами дастон
Бар набарди раво шитобон аст.
Рӯҳи номурдании Фирдавсӣ
Аз куҷое ҳамедиҳад овоз,
Боз Рустам ба шӯр меояд,
Мекунад сӯи дашти кин парвоз.
Дар куҷое шавад адолат хор,
Дар куҷое адовату кин аст.
Дар куҷое гар одамизода
Мубталои ҷазои сангин аст;
Дар куҷое, ки рӯҳи озодон
Мешавад пойкӯби шайтонҳо.
Дар куҷое, ки мешавад саркӯб
Худшиносиву шӯру исёнҳо,
Мезанад бонг рӯҳи Фирдавсӣ:
Боз бояд ба душманон овехт!
Боз ҳам рӯзи гурзу майдон аст,
Боз хуни ҳалол бояд рехт!
Мепарад Рахш ҷониби майдон
Ҳамчу рӯҳи шикастнодида.
Рустами ял ба хонаи зинаш –
Рӯҳи мардонагии санҷида.
Ҳамчунон бо ғурури мардона
Рӯй пурбим, чашм барқафшон
Дар ҳама ҷангҳои дунёӣ
Пешҷанг аст Рустами Дастон.
Дар ҳама ҷангҳост ӯ фирӯз,
Аз ҳама ҷанг қаҳрамон ояд.
Гарчи дар «Шоҳнома» ӯ мурдаст,
Гарчи номаш зи бостон ояд;
Гарчи ӯ буд нозиши Эрон,
Ифтихору шукӯҳи дерин буд,
Охирин ҷанги Рустами Дастон
Гӯӣ дар остони Берлин буд…
1976

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед