ҒАЗАЛИ БОҒБОНИ ПИР

Нигар ба боғи шукуфон, Нигар ба шохаи пурбар, Нигар ба раддаи себу анору зардолу – Чу раддаи аскар – Ҳама нишонаи заҳмат, Ҳама нишони

НАМАКИ ХАЛҚ

Гарчи шоир минбари виҷдони халқ аст, Гарчи шоир ровии армони халқ аст, Нони шоир аз сухан не, Нони шоир нони халқ аст. Халқ мехоҳад,

РӮ БА РӮ БО ХЕШТАН ДАР ХИЛВАТИ АНДЕШАҲО

Боз мешӯрад дили ман, боз меларзад вуҷудам, Боз мегиряд ғурурам, боз менолад сурудам, Дар ҷаҳони нақду нася – Ман чӣ будам? Ман кӣ будам?

БА ҶОИ ТАСАЛЛӢ

Бедил, ки нестӣ, Ҳамдил чӣ боядат? Раҳҷӯ, ки нестӣ, Манзил чӣ боядат? Дарё, ки нестӣ, Соҳил чӣ боядат? Хунат, ки мурдааст, Қотил чӣ боядат?…

БА ХОТИРАИ ҒОИБ САФАРЗОДА

Гуфта будам туро, ки тунд марав, Тунд рафтӣ, бубин, куҷо рафтӣ… Ба хатои ҳама бишӯридӣ, Худ чаро аз ҷаҳон хато рафтӣ? Аз раҳи кӯҳ

ИФТИХОР

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд, Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд, Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд, Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд. Гарчи мегуфтанд аз

РОҲҲО

Гаҳ рост, гаҳ пурпечутоб То қулла боло меравӣ. Аз байни барфу тармаҳо Бо сад таманно меравӣ. Дуру дароз ин роҳҳо, Шебу фароз ин роҳҳо,

ВАРЗОБ. ШАБИ МАҲТОБ

Рӯд чун хотири болидаи Варзобдара, Моҳ чун қоши тилоист ба пешонаи кӯҳ. Ваҳ чӣ оҳанги илоҳист, ки ояд аз рӯд, Бесухан арза кунад қиссаю

Ҳофизи ширинсухан таронаи туст

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст, Карам намову фуруд ой, ки хона-хонаи туст. Ба лутфи ҳолу хат аз орифон рабудӣ дил, Латифаҳои аҷаб зери

Ҳаёти Ҳофиз

Моро зи хаёли ту чӣ парвои шароб аст? Хум, гу, сари худ гир, ки хумхона хароб аст. Гар хамри биҳишт аст, бирезед, ки бедӯст,

Ёрам омад

Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар аст, Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст. Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо,

Ё Раб

Эй шоҳиди қудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат, В-эй мурғи биҳиштӣ, кӣ диҳад донаву обат ? Хобам бешуд аз дида, дар ин фикри ҷигарсӯз, К-оғуши

Дилдода

Таъолуллоҳ чӣ давлат дорам им шаб, Ки омад ногаҳон дилдорам им шаб. Чу дидам рӯйи хубаш, саҷда кардам, Биҳамдиллоҳ накӯкирдорам имшаб. Ниҳоли сабрам аз

Мутриб

Шаб аз мутриб, ки дил хуш бод вайрон, Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро. Чунон дар ҷоми ман сӯзаш асар кард, Ки бериққат надидам хеҷ шайро.

Гирдоби зиндаги

Чӣ сабаб, ки шӯхи мастам бари мо надида бигзашт, Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт. Дилу ҷону дин рабуда, рухи шармгин намуда, Гираҳи ҷабин

АҲМАДИ ДОНИШ

Як ҷаҳон буд хору вомонда Ҳарфе аз худшиносӣ нохонда. Монда дар инҳисори худ умре, Пеши пои адӯ сар афшонда. Як ҷаҳон буд дангу девона,

ХОКИ ВАТАН

Тоҷикистон – мазҳари ман, Сарзамини камзамин, Ту саросар кӯҳсорӣ, Ту саросар сангзорӣ, Чунки фарзандони ту дар роҳи таърихи дароз Ҳар куҷо рафтанд, муште хок

ТАНҲОӢ

Танҳоӣ на он аст, ки танҳою ғарибӣ, Танҳоӣ на он аст, ки бе ёри қаринӣ. Танҳоӣ чунон аст, ки дар байни ҳама халқ Бошӣ,

ЗИНДАГӢ (3)

Хостам муддате зиям бедоғ, Бехато, бегуноҳ, белағзиш. Хостам муддате зиям ором, Бетараф, барканор, беларзиш. Лек ҳайҳот! Зиндагонӣ гуфт: Бехато зиндагӣ хато бошад. Ҳар кӣ

АФСОНАИ ҶАВОНӢ

Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист, Ҳар ҷо, ки по гузорам, он ҷо пур аз ҷавонист. Имрӯз гар ҷавонам дар орзуи фардо,

БА ЖУРНАЛИСТ

Кишти деҳқон чу сар кашад аз хок, Сар кашад кишти муддаои ту ҳам. Хӯшаҳо ҳар замон, ки дон банданд, Хӯша бандад мақолаҳои ту ҳам.

БОРОНИ ТИРАМОҲ

Рехт борон… торҳои сим-сим Хуш навои осмонӣ доштанд. Зеру бамҳошон ба рӯи бомҳо Муждаҳои меҳргонӣ доштанд. Рехт борон… риштаҳои нуқрагун Шуд сари дӯши дарахтон

ДАР ВАРЗОБ

Ҳар ду нишастаем Дар рӯи тахтасанг, Ҷорист рӯди маст Пуршӯру бедиранг. Ҳар ду нишастаем Беҷурму бегуноҳ, Дилҳои ташнаком, Лабҳои бӯсахоҳ. Ин дам насиби мост

ҶАВОНИИ ПАДАРОН

Бо қаҳқаҳи мастонаю бо шеъру тарона, Бо рӯҳияи ғолибу ошӯбгарона, Бо тантанаи ақл карон то ба карона, Чун рӯд ба сад ғулғула бигзашт ҷавонӣ,

ҲАМСОЛОНИ ПАРОВАРИ МАН

Кӯлвору ҷомадон, Хаймаҳо дар даштҳо, дар кӯҳҳо, Раҳ ба раҳ васлу ҷудоӣ, Раҳ ба раҳ мушкилкушоӣ. Раҳ ба раҳ шеъру тарона, 114 Лоиқ Шералӣ

БА ЁДБУДИ ГАГАРИН

Паридӣ то ба гардунҳо Даридӣ пардаҳои рози кайҳонро. Чунон бебок байни нуриён гаштӣ, Ки худ як ахтаре андар миёни ахтарон гаштӣ. Расидӣ то фалакҳо,

ГУЗАШТА

Хира-хира ёдам ояд ҳар замон З-он ҳама нақде, ки настонидаам. З-он ҳама азме, ки аз ноқобилӣ Андаруни хеш биншонидаам. Ёдам ояд з-он ҳама шӯру

РАНГҲО

Бигзарӣ чун аз Самарқанд, Аз Самарқанде, ки буда сайқали рӯи замин, Бингарӣ бар ҳар манору сардара, Бингарӣ бар гунбазу бар кунгура, Бингарӣ бар рангҳои

ЭҲТИЁҶ

Дар ниҳоди ҳар сағиру ҳар кабир, Дар бисоти ҳар касе равшанзамир, Дар дили ҳар аҳли дил, ҳар аҳли дард, Дар талоши ҷони ҳар барнову

КИТОБҲОИ ШАҲИД

Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд, Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд. Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд, Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд. Шуморо

ДАР БАЧЧАГӢ

Дар замони бехудию бесарӣ Чун камонвар аз фалахмон Сангҳо афкандаам бар шишаҳои хонаҳо, Эй басо бо шавқу шодон. Бо фиғону моҷаро Пирзанҳо аз қафоям

ШУКРОНАЕ БАРОИ ДУШАНБЕ

Шукри ин шаҳр мекунам умре, Ки дар оғӯши худ паноҳам дод. Сарпаноҳи умедҳоям шуд, Ҳар чӣ мехостам, фароҳам дод. Шукри ҳар кӯчаи чанористон, Шукри

КӮҲҲО

Лашкари сафкашидаи сангин, Урдуи бар набард омода, Даст бар даст ҳамчу занҷире, Сарбаланду шуҷоъу озода; Корвонҳои сангбаста ба роҳ, Бори сангини қисмати тоҷик, Ё

ОЛИ СОМОН

Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон, Бӯстоне дар миёни шӯразорон, Гулхане дар лобалои кӯрдуд, Паҳлавоне дар миёни нотавонон – Оли Сомон! Махзани тилло ба дасти боддастон,

БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ…

Ҷавоб ба ҳасудони Рӯдакӣ, хосса ба шоири ҳасуд Абӯзироа, ки дар мазаммати устод фармудааст: Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам, Аҷаб макун, сухан

ДУХТАРИ ТОҶИК

Кокулони маҳини тарбофаш Ба сари китфҳош мерезад. Файзи ҳусну малоҳати азалӣ Гӯӣ аз сар ба пош мерезад. Тоқии симдӯзияш монад Осмони ситораафшонро. Ханд-хандон зи

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ…

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст. Таърих гувоҳ аст, ки дар

ҲАМОСАИ БАРОДАРӢ

Мо – шуълаи як оташ, шогирди як дабистон, Гулҳои ранг-ранги як гулшани шукуфон, Сарчашмаҳои як рӯд аз авҷи кӯҳсорон, Ангуштҳои як даст, як дасти

СИТОРАҲОИ СӮХТА

Бисёр ситораҳои мо сӯхт Аз пастии мо дар осмонҳо. Бисёр азизи мо фурӯ мурд Норафта бурун зи остонҳо. Бисёр бузурги мо ба хорӣ Бигзашт

ГАНҶИ САРМАД

Беҳисоб аст ганҷи кӯҳсорон Хоки тоҷик мисли ганҷур аст. Халқи тоҷик пеши халқи ҷаҳон Бо ҳама ганҷҳош манзур аст. Ҳар яки мо хазинаи фитрат,

АЙНӢ

Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон, Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон, Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон, Зи соҳилҳои

БАХТИ САФЕД

Ҳар баҳорон бар замин бобои деҳқон Чун бипошад ба ҳавас пундонаро, Гӯӣ тухми орзуи халқро пошад ба хок… Ҳар баҳорон майсаҳо Аз замин чун

БАЛАНДИҲО

Аҷаб дорам, ки ҳар вақте Зи боби Тоҷикистон чун сухан гӯянд, Бигӯянд аз баландиҳои куҳсораш, Сухан гӯянд аз Боми Ҷаҳон, Аз қуллаҳои ганҷдору тоҷдораш.

ГАНҶИ КӮҲСОРОН

Ҳама ин ганҷҳо буданд, То имрӯз ҳам буданд Ниҳон дар қаъри куҳсорон, Ниҳон дар ҷавфи ҳар як санги куҳистон. Ҳама ин ганҷҳо буданд то

ЗАБОНИ ПАЙҒАМБАРОН

Метаровад ширмаҳтоб Дар шиканҳои маҳини мавҷи об. Метаровад нури қандил Дар рухи гулгуну дар ҷоми шароб. Менавозад нам-нами борон Мӯю рӯятро баҳорон. Менавозад рӯҳу

БА ПИСАРҲОЯМ СОТИМ ВА СОИБ

Писарҳоям, ҷигарбанди ман астед, Писарҳоям, чу дилбанди ман астед. Нишона аз падар, мероси аҷдод,Ҳ Писарҳоям, камарбанди ман астед. Намоям фахр манн имрӯз фардо, Писарҳоям,

БА ҲАМСАРИ АЗИЗАМ МОҲБИБӢ

Ту ҳастӣ мехрубони ман, Ту ҳастӣ ҷони ҷони ман. Ту ҳастӣ хону мони ман, Ҷаҳоне дар ҷаҳони ман.

БА ХОҲАРАМ МЕҲРИНИСО

Хоҳар, ки туӣ нишонаи модари ман, Як ояти ҷовидона модари ман. Меҳри ту чу меҳри модарам метобад, Эй Меҳринисо, ягонаи модари ман.

ИЛҲОМ АЗ СУҲБАТИ ДОДАРАМ АБДУРАУФ

Шод зӣ баччаи додо, ту саломат бошӣ, Ба ҳамин ҳастии фархунда ғанимат бошӣ. Дар ҳамин чарх, ки бе хоҳиши мо гардон аст, Хохиши ман,

ИЛҲОМ АЗ СУҲБАТИ АКОЯМ МИРЗОЮСУФ

Аз омаданат, дӯст, чунон шод шудам, Бо омадани ту хонаобод шудам. Бишнида суханҳои дилошӯби туро, Аз дарду ғами замона озод шудам.

МОДАР

Ватан гуфтам, ба ёдам модар омад, Ҳадиси зиндаи Пайғамбар омад. Ватанро дӯст доред, эй бародарҳо, Ба он ҳадде, ки модар дӯст медорад шуморо. Гуфтугӯ

БАЙТҲО

Китоби мост моро дониши мо, Ҷаҳондонӣ бувад аз хониши мо. Ватанро мисли модар дӯст дорем, эй бародарҳо, Ба монанде, ки модар дӯст медорад шумоёнро.

БА ҲАМИШИРА

Чак-чакеро бар вариди манн ниҳод, Бар дили манн гӯиё манзил гузошт. Ҳастиям бо як нигаҳ таҳлил кард, Як ҷаҳонам меҳр андар дил гузошт. Чун

БА ФАРЗОН НАЗРӢ

Ту ҳастӣ якраву якрӯ, Вале дар гуфтугӯ хушгӯ. Алолат ҷони покат бод, Бимон фарде чунин некӯ.

СУРУД

Ту аз ҳама зеботарӣ, Ту аз ҳама донотарӣ. Ман гуфтаму мегӯямат, Аз дигарон болотарӣ. Эй ишқи яздонӣ, биё, Эй нури раҳмонӣ, биё. Аз дӯстони

ЗАБОНӢ МОДАРӢ

Забони модари ман худодод аст, Забони илму фан, эъҷоз еҷод аст, Ба гуфтори забони тоҷикӣ мирам, Аз он ки шеваи шевои аҷдод аст. Ман

Хофизи Шерози

Ғазал аз Ҳофизи Шеърозӣ Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро. Киштинишастагонем, эй бода шурта, бархез, Бошад, ки

БУХОРО

Бухоро, сарзамини тиҷиконӣ. Дар ангуштат нигини тоҷиконӣ. Зи даври пеш то дунёст боқӣ, Ту фирдавси  барини тоҷиконӣ.

Худшиносӣ

Шеър гӯям бо забони модарӣ, Бо ҳамон лафзу тамоннои дарӣ. Шеъри ноби тоҷикиро бар шумо Месароям бо забони Рӯдакӣ.

МИНБАРИ ДИЛ

Парчамат бар замон паём овард, Суҳбат бар ҷаҳон салом овард, Решаҳо, решаҳои обият Меваҳои тозаи калон овард.

МУВОФИҚИ АМРИ ПОДШОҲ

Рӯзе подшоҳ аз Мулло Насриддин ранҷиду: — Дигар ҳаргиз рӯятро ба ман нишон надеҳ. – гуфт. Мулло бошад : — Хуб шудааст, гуфту аз

CИРРИ ҶОВИДОНАИ УМРИ АФАНДИ

Худо шинухез, корубор ва гуфту  гузори Афандиро мушоҳида карда, ба Азроили гуфт: Мушоҳида ба  кардаба Азроили гуфт -Бофарову бипурс, ки Афандӣ аз мо чӣ

БАРОБАРИ ПИСАРАМ БУДАӢ

Рӯзе Шайтон ба Афандӣ худро таъриф карда гуфт: — Ту назди ман як бача ҳастӣ. — Ту чанд солаӣ-Пурсид Афандӣ, -Ҳазорсола,-ҷавоб дод Шайтон. Афандӣ

ЧАКОМАҲОИ ИВТИХОР

Ифтихорам зи номат, эй Ватан аст, Парчамат ҳусни бомат, эй Вата наст. Ҳамчунон ҷоми ошиқ аз майн ноб, Аз майни ишқ ҷомат, эй Вата

ВАТАНДОРИ

Ватандорӣ баробар бо ҷоҳонадорист, Ватандорӣ баробар бо ҷаҳондонист. Ватансозӣ баробар бо ҷаҳонсозит, Ватан розист гар аз ту, ҷаҳон розист.

Шеъри Душанбе

Биҳишти рӯи дунёӣ, Душанбе, Аҷаб шаҳри дилорӣ, Душанбе. Ту яктоӣ, ту яктоӣ, ту якто, Ту шаҳри орзуҳоӣ, Душнбе. Душанбе-пойтхти Тоҷикичтон, Аҷои шаҳри зебо ҳамчу

Сокиё бар хезу дардех чомро

Соқиё, бар хезу дардеҳ ҷомро Хок бар сар кун ғами айёмро! Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар Баркашам ин далқи азрақфомро. Гарчи

МУҲЛАТ БАРОИ ИСБОТИ САДОҚАТ

Подшоҳ рӯзе  ба Афандӣ гуфт: — Ҳар замон ту ман ба шумо садоқат дорам мегӯӣ. Хоҳӣ ки ман ба сидқи ту бовар кунам, ба

ВАРАҚИ ИШҚ

То ҳалка садои ишқ дар гӯшам щуд, Гӯё ҳама ганҷи кул фаромӯшам шуд. То як ҷон рамақ аз ишқи ту пайдо кардам, Бар ҷон

ҚИТЪА

Биё сӯям, баман боре назар кун, Ки мо худ меҳмони ин ҷаҳонем. Ту худ донӣ, ки мо аз як таборе, Чар обо ҳамдигоар номеҳрубонем?

Шеър дар бораи Модар

Гӯянд маро чу зод модар Пистон ба даҳон гирифтан омухт Шабҳо бари гаҳвораи ман Бедор нишасту хуфтан омӯхт Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам

ГУЛБАДАН

Дӯст медорам ман гулбадан, Гулбадан, бошем бо ҳам танбатан. Лаззати меҳру вафо бошад чунин, Гулбадан, бошам ғазалхони ту ман. Гулбадан, як шаб туро меҳмон