ЧАКОМАҲОИ ИВТИХОР

Ифтихорам зи номат, эй Ватан аст,
Парчамат ҳусни бомат, эй Вата наст.
Ҳамчунон ҷоми ошиқ аз майн ноб,
Аз майни ишқ ҷомат, эй Вата наст.

Парчами озодият партавфишон,
Тоҷикистон-меҳани озодагон.
Чун туӣ уммедгоҳи тоҷикон,
Орзу дорам, бимонӣ ҷовидон.

Эй Душанбе, шукӯҳат аз сулҳ аст,
Рӯ ба фардо футуҳат аз сулҳ аст.
Эй тани поки ориёинасл,
Азми иқболу рӯҳат аз сулҳ аст.

Посдори илму ирфони киёконӣ,
Шуълае аз қалбу аз ҷони ниёконӣ.
Ман шабеҳатро надидам, ҳар куҷо будам,
Беҳтарин тандиси имони ниёконӣ.

Ваҳдататро чу пеши рӯ орам,
Бифшурам манн зи шавқ панҷ ангушт.
Бисароям Суруди миллият,
Кӯҳсорат бувад маро ҳампушт.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед