ДАР ВАРЗОБ
Ҳар ду нишастаем
Дар рӯи тахтасанг,
Ҷорист рӯди маст
Пуршӯру бедиранг.
Ҳар ду нишастаем
Беҷурму бегуноҳ,
Дилҳои ташнаком,
Лабҳои бӯсахоҳ.
Ин дам насиби мост
Як умри носабур
Як шоха оби рӯд,
Як пора абри дур.
Як пора офтоб,
Як пора осмон,
Як гӯшаи замин
З-офоқи бекарон.
Мо хомсӯхта
Дар оташи ҳавас.
Мо дилгудохта
Дар гармии нафас.
Лутфи сухан хуш аст,
Хушгӯӣ мекунем.
Эҳсоси мурдаро
Гумҷӯӣ мекунем.
Ин оброҳа низ
Монанди роҳи ишқ
Огоҳ будааст
Аз иштибоҳи ишқ.
Монанди мову ту
Бисёр будаанд,
Бо ёр будаанд,
Бе ёр будаанд…
Ҳар ду нишастаем
Ҳам дур, ҳам қариб,
Ё ишқ, ё умед,
Ё бахт, ё насиб!..
1975
Шарҳи худро нависед