ҚИТЪА

Биё сӯям, баман боре назар кун,
Ки мо худ меҳмони ин ҷаҳонем.
Ту худ донӣ, ки мо аз як таборе,
Чар обо ҳамдигоар номеҳрубонем?
Биё, як даман канори ҳам нишинем,
Ки занги дил ба суҳбатҳо биронем.
Чу медонӣ, ки ин дунё ду рӯз аст,
Чарок и қадри ҳамдигар надонем?
Агарчи дар назар якрӯй ҳастем,
Ту медонӣ,, ки Мирзо, мо киёнем,
Намедонам, к ибо чанди забонем.
* * *
Донӣ, ки чист, эй ҷон, маънои зиндагонӣ,
К-ин зиндагонӣ ба ёрон маънои дигар дорад.
Май нӯш метавон кард, дар бани дӯстонро,
Чун базми дӯстонро маъни дигар дорад.
Сайру саёҳати ту аз баҳри чист, ҷоно?
Ё сайр баҳорон маънои дигар дорад.
Мирзо барои хубон ҷон метавон фидо кард,
Дунёи некмардон маънои дигар дорад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед