КИТОБИ ЗИНДАГӢ

Ман китоби зиндагии хешро
Аз сари ёрӣ бароят додам.
Бо мӯҳаббатҳои беандозаам.
Баҳри ту, эй ҳамсафар, дар зиндагӣ
Ҳар чӣ мехоҳӣ, кунун омодаам.
Ростӣ бшад шиори зиндагӣ,
Бехато бошад ҳамеша ҷодаам.
Бигзарӣ гар, бо муҳаббатҳо нигар,
Беғазарам манн дӯсти озодаам.
Бар ту манн, эй ҳамнишину роздон,
Дафтари рози нихон бикшодаам
Шукр мегӯям ба он яздони пок,
Шукр, манн ҳам чун ту меҳтарзонаам.
Дар миёни ҷумлаи дилдодагон
Чун Ғафурӣ манн беҳин дилдодаам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед