Чашми оҳу

Оташам рӯзе, ки аз домони саҳро гул кунад,
Чашми оҳуро тамошохонаи булбул кунад.
Ҷӯши савдоям, агар чун гирдбод оям ба рақс,
Печутоби май биёбонро пур яз сунбул кунад.
Нофаро резад ба роҳи корвони гирдбод.
Гар насими мулки Чин савдо ба он кокул кунад.
Мекунад паҳлу тиҳӣ аз оҳи мазлумон фалақ,
Сел чун пурзӯр афтад, рахнаҳо бар пул кунад.
Кай кунанд аз ҳамдигар ҳампешагон пастӣ қабул,
Даъвии гарданкашӣ зулфи ту бо кокул кунад.
Ошиқу маъшуқро аз ҳам ҷудоӣ мушкил аст,
Маҳмили худро гул аз болу пари булбул кунад.
Мотами парвонаро пинҳон чӣ дорӣ, Сайидо?
Аз забони шамъ бетобона охир гул кунад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед