Номи ман

Ғунчаам, хубон ғами худ дилнишинам кардаанд,
Сандалии дарди сар аз чини ҷабинам кардаанд.
Номи ман парвонаҳо дар анҷуманҳо бурдаанд,
Шамъҳо равшан зи оҳи оташинам кардаанд.
Дар дили ман оҳи оташбарро навбад асар,
Барқро помоли дасти хӯшачинам кардаанд.
Гарчи урёнам, гиребони касе нагрифтаам,
Дастро кӯтоҳтар аз остинам кардаанд.
Номдорам, лек умри ман ба талҳи бигзарад,
Заҳр ҷойи мум дар зери нигинам кардаанд.
Сайидо, хубон гиреҳ аз кори ман накшудаанд,
Гарчи чун банди қабо, паҳлунишинам кардаанд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед