РАҲРАВИ ЗИНДАГӢ

Раҳрави роҳи басе дуру дароз,
Раҳрави роҳи пур аз шебу фароз,

Меравӣ ҷониби фардо нигарон,
Хосиятхоҳ зи умри гузарон.

Роҳи ту – роҳ суи иқбол аст,
Раҳи падруд ва истиқбол аст.

Дар раҳи туст ҳам осебу газанд,
Ҳам гулистони саодат, ҳам банд.

Моҳигириву бидон, пайвастат
Нафитад моҳии зар дар шастат.

Бахт чун оби равон пайдо нест,
Дар ҳама ҷои замин тилло нест.

Зиндагонист на яксону дар он
Шиша гоҳест ба ҷои сандон.

Зиндагонист – ба кас то ба абад
Силаву силӣ зи як даст расад.

Зиндагонист – диҳад чун фармон
Кори анбӯр кунӣ бо дандон.

Дорӣ зар, лек наӣ худ заргар,
Заргарӣ, лек надорӣ худ зар.

Моли дунёст ба ту ориятӣ
Диҳаду боз бихоҳад, ки бите!

Дар фузунаш ғаму озоре ҳаст,
Дар камаш лаззати бисёре ҳаст.

Шунавӣ гоҳ гапи кину ҳасад,
Ин яке нек бигӯяд в-он бад.

Ғам махӯр аз ҳасади раҳгузарон,
Аз нигаҳҳои пур аз кини бадон.

Ки чунин санг миёни обанд,
Ба назар з-оби фузун шодобанд.

Лек з-он об на худ сабз шаванд,
На зи худ буттаи гул рӯёнанд…

Раҳрави роҳи басе дуру дароз,
Раҳрави роҳи пур аз шебу фароз,

Пешпо хӯрдаву бархоста боз,
Сӯи ҳар хира наёварда ниёз,

Меравӣ ҷониби фардо нигарон,
Ҳусн афзуда ба ҳусни даврон.

Дорӣ дар даст силоҳи уммед,
Пас, бирав, бод туро роҳ сафед!

15.11.1963

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед