Шаҳри сиёҳ
Аз шаҳри ман ба ғайри сафедии пахтааш,
Дар ёди ман сафедии дигар намондааст.
Ҳар одамаш мусаввадаи одам асту бас,
Як одами сафед ба хотир намондааст.
Гӯянд ҷонамози нависанда дафтар аст,
Ҷои салоти коғазиву саҷда дафтар аст;
Аз бас, ки рӯи ҳамқаламонам сиёҳ буд,
Дар чашми ман сафедии дафтар намондааст.
Рӯи сиёҳи ҳамқаламони маро дар об,
Бояд, ки шӯст-шӯст ба хокистари китоб;
Зеро китоби шеъри маро сӯхтанду з-он
Fайр аз тами ба хун шиновар намондааст.
Рӯзе, ки аз сиёҳии зиндон бурун шудам.
Гуфти ту, аз сиёҳии заҳдон бурун шудам.
Дар сарнавишти ман, ки сиёҳаш навиштаанд,
Шояд аз ин сиёҳии бадтар намондааст.
Дар шаҳри ман кӣ пес набошад сафед нест,
Ҳамшаҳри ман, ки пес набошад сафед нест.
Аз шарми ин сафедии ҳамгавҳарони хеш,
Дар пеши ман сафедии гавҳар намондааст.
Аз пуштаҳош монда маро шабдарав ба ёд,
Аз куштаҳош монда маро сардарав ба ёд.
Дар пахтазори ӯ, ки басе сӯхт пахтарӯ,
Аз он ба ҷуз сиёҳии Хоҳар намондааст.
Ҳам аз замину боғу баҳораш парида файз,
Ҳам аз ҳавои тираву тораш парида файз.
Чун шахри осмонзада аз осмони ӯ
Ҷуз чашми тифли гушнаи ахтар намондааст.
Сарсон ба қалби сакта бародар ба ҳар даре,
Фарзанди тоҷи cap ҳама музтар ба ҳар даре,
Ҳамсоя хонабону саги хона гӯрбон,
Аз хешу ақрабои ман аксар намондааст,
Бе мардуми сафед сафедӣ намекунад,
Бе гандуми сафед сафедӣ намекунад,
Ҳарчанд дар иморати шаҳри сиёҳи ман
Ранги сафеду шишаву мармар намондааст.
Тобистони 1996, Ҷаксонвилл.
Муаллиф: Бозор Собир