Эй дӯст

Андӯҳ чу селу шодӣ чун чашмаи нам,
Аз шодӣ намурд кас, вале мурд аз ғам.
Зинҳор ба пои худ наояд шодӣ,
Андӯҳ ба пои хеш ояд ҳар дам.
Онҳо ки зи даҳр суди худ ҷӯёянд,
Шодоб чу беди соҳили дарёянд.
Аммо чу баҳор обҳо мастона
Туғён бикунанд, решакан бинмоянд.
Эй дӯст, ба ёди дӯстон бояд буд,
Қурбони қудуми меҳмон бояд буд.
Чун дастагуле ба пешвози ёрон
Барбаста, ҷудо зи бӯстон бояд буд.
Умр аст дарахту мева шодию ғамаш,
Эй сода, чӣ парво кунӣ бар бешу камаш?
Он сон ки бихоҳӣ, ончунон зиндагӣ кун,
Бар дил набарӣ то ҳама доғу аламаш.
Шоир набувад, ҳар он ки девон дорад,
Зебо набувад, ҳар он ки марҷон дорад.
Ошиқ набувад, ҳар он ки дар хилвати шаб
Паймонаи май ба ҷои паймон дорад.
Оини ту хештанфурӯзӣ бошад,
Дар оташи ишқ поксӯзӣ бошад.
Хайём, чу абёти ту, эй кош, умрам
Кам бошаду пур зи созу сӯзе бошад.
Он гаҳ ки ба сина шӯришу туғён аст,
Аз шодӣ хурам бода, ки он дармон аст.
Ҷоме, ки ба ёди дӯстон бардорам,
Ширин ба мисоли чеҳраи онон аст.
Дар сабзаи навбаҳор хобам бурдаст,
Савдои гуле сари ҳисобам бурдаст.
Савдои гуле сари ҳисобам чӣ кунад?
Дороию давлати шабобам бурдаст.
Хайём, дилат аз дили мо огоҳ аст,
Ҳар як суханат суруди дарду оҳ аст,
Байти ту дарест боз бар каъбаи дил,
Шеъри ту чу умри одамӣ кӯтоҳ аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед