ФАЗИЛАТИ ФУТУВВАТ
Чист мардӣ? Эй писар, некӯ бидон,
Аввалан тарсидан аз ҳақ дар ниҳон.
Узр хоҳад мард пеш аз маъсият,
Бошадаш тоъат беш аз маъсият.
Он кӣ корӣ некмардон мекунад,
Бо заифон лутфу эҳсон мекунад.
Ҳар кӣ ӯ бошад зӣ мардонӣ Худо,
Бошад андар тангдастӣ босаҳо.
Эй писар, дар сӯҳбати мардон дарой
То назарҳо ёбӣ аз фазли Худой.
Ҳар кӣ аз мардонӣ ҳақ дорад нишон,
Нагзаронад айби душман бар забон.
Худ нахоҳад мард хасмонро ҳалок,
Аз ғами эшон шавад андӯҳнок.
Менаҷӯяд мард инсоф аз касе,
Гар расад зулму ҷафо бо ӯ басе.
Ҳар кӣ по андар раҳи мадон ниҳод,
Меравад ҳар ҷо зи дунболаш мурод.
Эй писар, тарки муродӣ хеш гир,
В-он гаҳе роҳи саломат пеш гир.
Шарҳи худро нависед