Хуни дилам

Хуни дилам рехти падар аз дидаи гирёни ман,
Бар ҷойи об мечакад хун аз сари мичгони ман.
Бо ёди номат зиндам доим ба хобам дидаам,
Аммо чи созам ей падар дарди дилу дармони ман.
Бо худ намеоям дигар дар гиру дори бандаги,
Чашмам ба роҳат интизор ей кулаи куҳсори ман.
Вакто буди бемор падар чашмат ҳама бар суи дар,
Роҳи маро ту интизор ей дафтару ашъори ман.
Ёдат хаме созад падар ин ҳамзаи шуридасар,
Танҳо ту ҳасти киблагоҳ хам кудрату дунёи ман.
Тобути пур аз дардро мотаму аз маргро огуш
Кашидам ей падар дар синаи бирёни ман.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед