Ёдаш мекунам

Дил бастаму бар он пари ҳардам ёдаш мекунам
Дар фикри ман симои ӯ ҳар дам ёдаш мекунам
Фирӯза чашму пурхаёл зебои ман раънои ман
Ман ғарқи баҳри ошиқи ҳардам ёдаш мекунам
Ҳардам кушоям бол ман парам ба самти орзу
Ҳардамхаёли ишқи ӯ ҳардам ёдаш мекунам
Зебо нигори нозанин соҳимҷамоли хуш бен
Равшангари торикиҳо ҳардам ёдаш мекунам
Ҳусну латофат бар сухан дорад духти нозанин
Зебанда бар лаб хандааш ҳардам ёдаш мекунам
То марг Масъӯд ёдгор номат бар дил парварад
Аз дури ашкам мечакат ҳардам ёдаш мекунам

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед

Рабство