Кулбаи Хубон

Ба сӯйи кулбаам, эй офати замона, биё!
Ба ҷониби садаф, эй гавҳари ягона, биё!
Ба интизории побӯсият, чу нақши кадам,
Ниҳодаам сари худро бар остона, биё!
Чу лола дар ҷигарам доғҳо шуда пайдо,
Фитода бе рухи ту оташам ба хона, биё!
Барои мақдамат омода кардаам базме,
Сухан дароз магардону бе баҳона биё!
Кушодаам ба ҳавои ту, чун камон, оғӯш,
Баро зи хона чу тиру пайи нишона биё!
Ба бурдани дили мо зулфу хол ҳоҷат нест,
Кӣ гуфта буд, ки ин ҷо ба дому дона биё?
Маро чу шона дурӯиву садзабонӣ нест,
Чу зулф дар бағалам бе усули шона биё!
Чу Сайидо, зи чаман баски дурам, эй булбул,
Ба нолаам мададе кун, зи ошёна биё!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед