Механам

Модари фарзандхои каҳрамон
Эй Ватан, эй орзу, эй ормон
Эй диёри куллаҳои сарбаланд
Сарзамини номдору арҷманд

Эй шукуҳу ифтихорам , Механам
Эй баҳори бегуборам, Механам
Кухсорат сарбаландам кардаанд
Эй диёри куҳсорам, Механам

Як замоне хоки покатро Ватан
Хуни фарзандони ту сероб кард
Хар гули аз ноумеди рустаро
Ашқи фарзандони ту шодоб кард

Ҳарчи тоҷик дошт аз моли чаҳон
Сар ба сар вайронаву тороҷ шуд
Тахту тоҷи хусрави аз даст рафт
Миллати ман боз ҳам бетоҷ шуд

Душманони дуструи миллатам
Тоҷикистонро саросар сухтанд
Дар дили хар тоҷики озодае
Оташи ҷангу нифок афрухтанд

Шермардони Ватан якҷо шуданд
То ки дарёбан тадбири Ватан
Касри Арбоби Хуҷанди бостон
Гашт ҷои ҳалли такдири ватан

Хислату номусу ори тоҷики
Тоҷикстонро зи нав бунёд кард
Миллати ман боз сохибтоҷ шуд
Боз марзашро зи нав обод кард

Мурги истиклол дар парвоз шуд
Дар самои бегубори Механам
Ахтари ваҳдат дурахшон гашт боз
Дар шаби исторазори Механам

Дар фазои ваҳдату осудаги
Эй Ватан поянда бодо ваҳдатат
Зинда бодо миллати озодаат
Човидон бодо шукуҳу иззатат

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед