Ошиқи
Меравам рузе зи ин дунёву мемонад танҳо номи ман
Мешавад вирди забони халқ ишқи нотамоми ман
Зи маъшуқа ситондан коми дил бошад муроди ошиқон
Кай шавад он бути нозуктан ба коми дил ба коми ман
Агар бошад навъе май ки аз хурдан ҷунун гардӣ
Зи он девонагардон май бирез Соқӣ ба ҷоми ман
Гаштаам маҷнун чу маҷнун сар ба саҳроҳо задам
Замин шуд сақфи хонаву фалак гардид боми ман
Ҳарчанд ки зи хастагиҳо мадори суханам нест
Бубар эй боди сабо ба он маҳваш саломи ман
Зи ҳиҷрат рузу шаб гардад барои ошиқон ҷонкоҳ
Чӣ ҷойи ҷонкоҳ будан ки дузах аст шоми ман
Ин дил аз ҳиҷрат шикасту рафт ороми Ҳабиб
Пухта гардиданд хаёлҳо монд хаёли хоми ман
Шарҳи худро нависед