ОСТОНА

Аз домани дар

Сар мешавад кӯҳ,

Кӯҳе ки сабз аст

Бо бурси анбӯҳ.

Аз пушти он кӯҳ

Кӯҳест дигар,

Кӯҳе, ки дорад

Сад чашма дар бар.

Аз пушти он кӯҳ

Кӯҳе камаркаш,
кӯҳе ки борад

Аз сина оташ.

Аз пушти он кӯҳ

Кӯҳе зеби барф аст,

Бо барфи симӣ

Аз пушти он кӯҳ

Кӯҳест, шояд

Аз тори ин кӯҳ

Андак намояд:

Бо кӯрароҳаш,

Бо сабзазораш,

Бо санрезаш,

Бо обшораш.

Кӯҳ аз папйи кӯҳ,

Кӯҳ остон аст,

В-ин остона

То осмон аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед