Падари шоирам Комил

То зиндаям бо меҳр ман дасти падар мегирам
Устоди меҳр аст падар дасти падар мегирам
Фарзанди шоирам кунун дар чашм ашки шоди
Лабрез дар лаб хандаам дасти падар мегирам
Ман насли оқил ҳастам шоирсифат дорам падар
Дар лаб ғазалҳои падар дасти падар мегирам
Масъӯд номи шуморо бар арш бардорад падар
Ман пайрави номи шумо дасти падар мегирам
Дар ҳар сатри зиндаги номи шумо дар аввал аст
Дар зиндаги устоди ман дасти падар мегирам
Шавқу ҳавас шодӣи ман дар зиндаги танҳо шумо
Хушнудаму ман бо шумо дасти падар мегирам

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед