Шеър барои дӯст

Аз риёзат нафсро кардам кабоби хештан,
Шергирам кард соқӣ аз шароби хештан.
Орзуи субҳ хамчун шамъ чашмамро гудохт,
Сӯхтам дар интизори офтоби хештан.
Беқарори бисмили теғи худам, ҷон медиҳам
Куштаи симобро аз изтироби хештан.
Сарф кардам умри худ бо дӯстони мунҷалиб,
Рехтам дар шишаи соат гулоби хештан.
Пешмарги хеш чун парвона кардам базмро
Чашм то чун шамъ пӯшидам зи хоби хештан.
Халқа бар дарҳои кӯйи ағниё дасти рад аст,
Соил аз занҷир меёбад ҷавоби хештан.
Чашм накшоям, нагирам Юсуфе то дар канор,
Лек шаб гург мебинам ба хоби хештан.
Сайидл, азбаски дорам доғ бар болои доғ,
Аз намак мерезам оташ бар кабоби хештан.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед