Шеърҳои нави ошиқӣ аз Ноилҷон Мирзоев

Аз доғи ту дам ба дам дилам месузад,
Аз бахти пиёдаам дилам месузад
Лек чашми маро намекушоди дар ишқ,
Аз чашми кушодаам дилам месузад.

Ошиқам бар ҳусну ҷамолат,
Ошиқам бар қаъди болоат.
Ошиқам бар он рухсорат,
Ошиқам бар он чашмонат.

Ошиқ набудам ошиқам карди,
Дил надоштам дилдорам карди.
Лайли шудию омади наздам,
Маҷнун набудам Маҷнунам карди.

Умрам ҳама дар ҳасрати рӯйи ту гузашт,
Ҳар рӯзу шабам ба ҷустуҷӯйи ту гузашт.
Дар шеъри навам навишта ғамҳои туро,
Ҳар як нафасам ба гуфтугӯйи ту гузашт.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед