СОЛҲОИ СТУДЕНТӢ — ДОНИШҶӮӢ

Солҳои ғуруру бебокӣ,
Солҳои таваккалу тавсиф,
Солҳои муҳаббату уммед,
Солҳои ситоишу таъриф.

Фасли ҷавзо, фасли сӯзу соз,
Хомдӯзии ҷомаи мақсад.
Субҳи содиқ – паёми рӯзи хуш,
Аввали раҳ ба олами беҳад.

Роҳкобӣ барои хушбахтӣ
Дар ҷаҳони мураккабу раҳгум.
Дӯстҷӯӣ ба ёди оянда,
Баҳри будан ба хидмати мардум.

Чашми ҷӯё ба ҷониби ҳар кас
Бо умеде нигоҳ меафканд,
То ки шояд дар ӯ бувад бахтам
Ё ба бахтам маро кунад пайванд.

Аз китоб, аз каломи устодон
Хуб дидем одаму олам.
Дар қиёси накӯю бад дидем
Қисмати худ, қадри худро ҳам.

donishjui

Гоҳ будем бечизу нодор,
Лек охир на бекасе будем.
Дур монда зи хешу пайвандон,
Лек бо дӯст бода паймудем.

Аз ҳаёт, аз замони инсондӯст
Ишқ додам паёми хайрият.
Ҳарфи устод, панди доноён
Сӯи фардо накӯ гуселам кард…

Бод падруд, фасли дилҷӯӣ,
Охирин занг… ту зи мо рафтӣ.
Ман зи ту сад ҳазор бор розӣ,
Лек аз ман ту норизо рафтӣ.

Чун ғазалҳои ҷолиби Ҳофиз
Бори дигар намешавӣ такрор.
Чун суханҳои даври тифлиям
Бар забонам наоӣ дигар бор…

Хайр, акнун бо шумо падруд,
Солҳо, солҳои раҳкобӣ!
Хайр, акнун бо шумо падруд,
Солҳо, солҳои дилёбӣ!

25.5.1963

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед