СУРУДИ ИФТИХОР

Ба рӯи ин замини беканора
На шахси аввалин, на охиринам.
Шуои моҳро аз чоҳ ёбам,
Гули хуршедро аз хок чинам.

Ба марги дӯстон гирям ҷунунвор,
Ба иди дӯстон паймона гирам.
Нигоҳи вопасин гирам зи пирон,
Зи тифлон хандаи тифлона гирам.

Саропо ман сутуни ростиям,
Ман аз вайрона ҷӯям номи обод.
Ман аз як чӯб ҳам тобут созам
Ва ҳам гаҳвора баҳри тифли навзод.

Ба ман ҳайкал насозед аз забарҷад,
Намегардад зи дунё номи ман гум.
Ба ҳар ҷо ҳайкали Озодӣ бинед,
Маро дар зикри он донед, мардум.

Ба ҳар ҷо ҳайкали Модар бубинед,
Маро дар пояи он хуфта донед.
Ба ҳар ҷо ошиқи хушбахт бинед,
Ҳама рози дили ман гуфта донед.

Ман инсонам, ман он инсони одӣ,
Ки гаҳ обу гаҳ оташ мепарастам.
Ба ҷое мутлақо озодаму лек
Ба ҷое тобеи озодӣ ҳастам.

Гиребони тулӯи офтобам,
Раҳи ҳақ, кори ҳақ будаст пирам.
Намирам аз аҷал ночору оҷиз,
Фақат аз ор ё аз кор мирам!

22.5.1966

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед