Тоҷикистон ба пеш(!)

Мо насли хушбахти замон обод созем ин Ватан,
Бошем ҳамеша пешсаф дар маҳфилу дар анҷуман.
Дар пешрафти мамлакат ҳастем бо ҳам дар канор,
Дорем ҳамеша як диёр, дорем ҳамеша як шиор:
Тоҷикистон ба пеш!!!
Дар варзишу дар илму фан ҳамто надорем дар ҷаҳон,
То ҳаст боқӣ ин ҷаҳон моро набошад ормон.
Мо парчами иқболро созем баланд то осмон,
Гуем дар ҳар як макон, гуем дар ҳар як замон:
Тоҷикистон ба пеш!!!
Дар сахтиву осудагӣ бо Пешвои миллатем,
Мо мардуми бонангу ор, мо халқи соҳибдавлатем.
Иқболи мо ободӣ аст, пайки баланду шодӣ аст,
Баҳри диёри хештан бунёди Рогунсозӣ аст:
Тоҷикистон ба пеш!!!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед