ЗАХМҲО
Мечакад об –
Мечакад хун
То ҳанӯз аз захми тири душманон,
Аз тану аз шохҳои нахлҳои безабон.
Барг сабзу навда сабз,
Шохсорон шоду шодобанд аз модар-замин.
Лек як ҷои дарахти сабз хунин аст, –
Доғи лаънат,
Мӯҳри нафрат,
Бар фашистони лаин.
Реша дар хок,
Сар ба афлок,
Сӯи хуршеди ҷаҳонафрӯз боло мешаванд
Нахлҳои хурд аз нав чун сари сабзи ҷавон.
Зери шоху сояи он нахлҳои захмдор
Нахлҳои сабзу хуррам комронӣ мекунанд.
Нахли маҷрӯҳ мисли модар
Кӯдакони хешро
Зери боли шохаҳояш посбонӣ мекунад,
Гӯӣ мегӯяд ба гӯши хасми бераҳму ҷигар:
«Нестам ман хом чун андешаву кори шумо,
Нестам бадоқибат монанди кирдори шумо,
Марги ман чун марги нангини шумо осон нашуд,
Пайкарам рӯзи шикаст аз тарс,
Аз шармандагӣ ларзон нашуд.
Ман ба як ҷо реша дорам,
Чун шумо бехонумон, бедард, беимон наям.
Хок шоҳид,
Об шоҳид,
Ман Ватан дорам, ба монанди шумо
сарсон наям,
Ё гумон кардед монанди шумо берешаам,
бепояам?!
Реша дорам ман ба хоки он замине, ки дар он
Назми оламгири Пушкин реша дорад ҷовидон.
Ҳеҷ медонед оё, як замон
Бар сари Пушкин чу модар будаам ман соябон!
Чун Пётр дилқавиям, зӯрмандам,
Ӯ маро бо дасти худ биншондааст.
Чун сари Пушкин баландам,
Ки зи захми тири ноҳақ
Хам шуд, аммо кам нашуд.
Чун шумо бисёр дидам ман ба тӯли асрҳо,
Ҳеҷ кас мисли шумо шармандаи олам нашуд!»
Барг сабзу навда сабз,
Баргҳоро сила созад ҳар нафас дасти насим.
Нахлҳои захмӣ ҳамчун посбонони азим
Нахлҳои хурди наврӯидаро
Зери боли шохсорон,
Ҳифз месозанд аз бими балои ногаҳон.
Ту хушбахтӣ?
Ту ҳоло дар куҷоӣ?
Шаби маҳтобу роҳи Каҳкашонро,
Шукуфазори боғи осмонро
Ту гоҳе ёд меорию гоҳе хоб мебинӣ.
Маро нодида ҳамтақдиру ҳамдил,
Шаби дидорро дар чеҳраи маҳтоб мебинӣ.
Магӯ афсӯс ҷони ман,
Магӯ афсӯс беҳуда,
Ту вақте зодаи уммеди ман будӣ.
Чу тифли бесарупое туро меҷустам аз дунё,
Туро мехостам, хуршеди ман будӣ.
Ба ёдат гирдгаштанҳои дунёро надонистам,
Нафас бигзашту ҳамчун сафҳаи тақвим
кам гаштам.
Чу дар парвозҳои бехудӣ болам шикасту рехт,
Худамро ёфтам, аз роҳи худфарсоӣ баргаштам.
Туро ман ёд кардам боз,
Туро фарёд кардам боз,
Куҷоӣ ту?
Баҳори гулфишонро бо кӣ дидӣ?
Ба ёди кӣ зи саҳро лола чидӣ?
Гуле чидӣ, ҷавонӣ ёдат омад?
Зи ман, аз саргароне ёдат омад?
Ба ҳам печидану бо ҳам шукуфтан, –
Қиёми зиндагонӣ ёдат омад?
Ба рӯят чанд ожанг аст?
Сари рухсораи сурхат чӣ ранг аст?
Агар чашми худо медоштам ман,
Агар ойинаи дунёнамо медоштам ман,
Туро меёфтам аз ҳар куҷое,
Туро бори дигар ман дар дили худ
зинда мекардам,
Ба ишқам банда мекардам,
Ба дилбозӣ туро «шарманда» мекардам,
Туро девона мекардам,
Туро афсона мекардам,
Туро хушбахт мекардам…
Ту хушбахтӣ?
Ту ҳоло дар куҷоӣ?
23.8.1965
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ