БЕХОБӢ

Хобам намебарад.
Ҳама шаб заррае
Хобам намебарад.
Бас печутоб мехӯрам чун сабза аз шамол,
Бас музтариб мешавам аз рӯзи гумшуда.
Як лаҳза ёди модари бемор мекунам,
Як лаҳза фикри матлаи шеъри наёмада.
Хобам намебарад,
Афтода гӯиё замин дар чанги зилзила.
Гӯӣ ки канда мешавад ҳар дам насиби ман
Чун донаҳои силсила.
Гӯӣ ки истодаам дар поси нимашаб –
Дар поси посдории даврони зиндагӣ.
Чун посбон ду дидаам бедор то саҳар
Дар ҳифзи ҷони зиндагӣ.
Хобам намебарад.
Ҳама шаб заррае
Хобам намебарад.
Шояд аз он намебарад хобам, ки лаҳзае
Ҳар вопасин дақиқаи умри дурӯзаам
Дар хоб нагзарад…
Шояд аз он намебарад хобам, ки бехабар
Ҳар лаҳзаи ғанимати умри азизро
Нодида нагзарам…
1.7.1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед