ЧӢ ЭҲСОНЕ?!

 
Чӣ сон печонамат дар парниён имрӯз,
Чӣ сон гӯям сухан аз гардани оҷу дуру марҷон,
Ки чашми кӯдакони гушна сӯйи нон занад су-су,
Ки ҷисми кӯдакони лухт ларзад дар таҳи борон.
 
Чу шабҳо барф меборад, паёпай барф меборад,
Ки мепӯшад раҳу пайроҳаи танги куҳистонро
Ва боми кулбаҳоро то пагоҳӣ мекунад гӯр,
Маро на дар сафедӣ, дар сиёҳӣ мекунад гӯр
Ва оташдони сармохез,
Ки кайҳо нест аз ангиштсангаш ёд,
Маро месӯзад аз бунёд.
 
Чӣ сон хонам ба ту афсонаи ширин,
Ки фардо аз талабгорони ту шаҳзода меояд,
Ки ин ҳусни туро лоиқ фақат шаҳзода мебояд
Ва шодат мебарад бо хештан дар аспи симинбол,
Ки худ шаҳзода ночор аст,
Ҳақиру зору нодор аст.
 
Чӣ сон гардонамат дар даштҳои сабзи махмалпӯш,
Чӣ сон гӯям ки файзи боғҳо пайғоми хушҳолист,
Ки марди боғбон сад ҷӯ кашида аз ҷабини хеш,
Ба рӯяш оби заҳматро равон карда,
Вале умре ба дасту домани холист.
 
Чӣ сон хонам туро бар осмони орзуҳои гулобие,
Ки он ҷо кам нагардад партави уммеду армон
дар дили инсон,
Вале дар Хонаи пирони зори рафта аз ёди писарҳошон
умеде нест,
 
Ба ҷуз уммеди осон гаштани мушкил –
Умеди мурдани осон.
Чӣ гӯям ман аз ину он
Ки дар подоши он ранҷу машаққатҳо,
ки аз дунё кашад инсон,
Нахоҳад ҳеҷ чизе аз ҷаҳон ҷуз марги осоне,
Чӣ инсоне,
Чӣ эҳсоне?!
 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед